Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии таърихии бокс дар Кобул


Ҳамид Раҳимӣ

Ҳамид Раҳимӣ

Муштзани олмонии афғонитабор Ҳамид Раҳимӣ имрӯз номи худро нақши таърих хоҳад кард. Ӯ дар Кобул бо Саид Мбелва аз Танзания барои унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни миёна вориди набард хоҳад шуд. Ин нахустин бозии байналмилалии бокс дар Афғонистон дар 30 соли охир аст. Модари Ҳамид – Фотима Раҳимӣ гуфт, ба пирӯзии писараш бовар дорад.
Созмони ҷаҳонии бокс набарди имрӯза дар Кобулро “Ҷанг барои сулҳ” унвон кардааст. Дар моҳи феврал Раҳимии 29-сола унвони қаҳрамони ҷаҳон дар чорчӯби Иттиҳодияи ҷаҳонии боксро ба даст овард ва раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ба дунбол ӯро бо нишони давлатӣ сарфароз гардонд. Ҳамид Раҳимӣ соли 1992, вақте ҳамагӣ 9 сол дошт, ҳамроҳ бо хонаводааш ба Олмон ҳиҷрат кард ва дар ғурбат ба воя расид.
XS
SM
MD
LG