Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон 38 маҳбусро раҳо мекунад


Созар Субарӣ

Созар Субарӣ

Имрӯз 38 маҳбусро аз зиндонҳои Гурҷистон ҷавоб медиҳанд. Вазири нави зиндонҳои Гурҷистон Созар Субарӣ дирӯз гуфт, дар маҷмӯъ беш аз 300 маҳбуси муҷрим дар ҷиноёти сабук, ки аз се ду ҳиссаи ҳукми худро адо кардаанд, раҳо хоҳанд ёфт. Ӯ имрӯз афзуд, ки як куммиссиюни махсус масъалаи ҳукми ҳудуди 4000 нафарро баррасӣ хоҳад кард. Раҳоии зиндониҳо дар ҳолест, ки давлати ҷадиди Гурҷистон тоза ба кор шурӯъ кардааст. Ба ин ҳукумат Бидзина Иванишвилӣ раҳбарӣ мекунад. Эътилофи ӯ дар интихоботи парлумонии 1 октябр пирӯз шуд.
XS
SM
MD
LG