Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лағви таътили тирамоҳӣ барои хонандагони мактабҳо


Вазорати маорифи Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро лағв кардааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан эълон шуда буд, ки сар аз рӯзи якуми ноябр то таърихи ҳаштум, мактабҳои ҳамагонии кишвар ба таътили тирамоҳӣ хоҳанд рафт.

Масъулини вазорати маорифи Тоҷикистон далели инро ба сардиҳои эҳтимолии зимистони дар пеш буда рабт додаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар назар аст, ки аз ҳисоби кам кардани таътили тирамоҳӣ, мӯҳлати таътили зимистона, ки бо сардиҳо мусодиф меояд, бештар карда шавад.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ дар вазорати маорифи Тоҷикистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки то ба ҳол вазири маориф дастур дар мавриди лағви таътили тирамоҳиро имзо накардааст ва қарор аст ин масъала то охири рӯз ниҳоӣ шавад.

Соли гузашта дар таътили тирамоҳӣ танҳо шогирдони синфҳои ибтидоӣ истироҳат карданд. Мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон ба муддати 25 рӯз сар аз 1-ум то 26-уми январ ба таътили зимистона рафта буданд.

Ёддовар мешавем, ки дар ду соли қабл бо дастури вазири маорифи вақти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмон таътили тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар мактабҳои кишвар аз миён бардошта шуда буд.

Таътили тирамоҳӣ аз 24-уми октябр то 1-уми ноябр ва таътили баҳорӣ аз 24-уми март то 1-уми апрел давом мекард ва тибқи дастури вазир ин рӯзҳои таътил ба таътили зимистона ҳамроҳ шуданд.

Вазири маориф он замон гуфт, сабаб ин будааст, ки дар зимистон муаллимон ба давраҳои омӯзишии такмили ихтисос ҷалб мешаванд ва шогирдони мактабҳо дар олимпиадаҳои мактабӣ ширкат мекунанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG