Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

23 миллиард $ барои рушди Осиёи Марказӣ


Вазирони 10 кишвари узви САРЕС( Ҳамкории иқтисодиву минтақавии Осиёи Марказӣ) дар Вуҳани Чин Барномаи амали Вуҳанро тасвиб карданд, ки ҷалби беш аз 23 миллиард доллар ба тарҳҳои нави нақлиётиву энержӣ ва тиҷорӣ бо ҳадафи таъмини иртиботу рушди бештари ин минтақаро дар бар мегирад. Барномаи амали Вуҳан дар маҷмӯъ 68 тарҳи иртиботи нақлиётӣ аз Чин то Қафқоз ва аз Қазоқистон то бандарҳои Карочиву Гводари Покистонро фаро мегирад. САРЕС 5 кишвари Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, ва ҳам Чину Муғулистон, Озарбойҷон ва Афғонистону Покистонро муттаҳид мекунад. Идораи умури САРЕС аз соли 2001 дар дасти Бонки осиёии рушд қарор дорад. Раиси ин ниҳоди молӣ Ҳарунико Курода дар паёмаш ба анҷумани 11-уми вазирони ин 10 кишвар гуфт, «ҳамкории минтақавӣ барои ташвиқи рушди фарогир ва муназзам муҳим аст.»
XS
SM
MD
LG