Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти 75 сол аз даврони репрессияи сталинӣ теъдоди қурбониёни ин ҳаводис дар Тоҷикистон мушаххас нашудааст.

Агарчӣ аз даврони таъқибот ё репрессияи сталинӣ 75 сол сипарӣ мешавад, аммо маводи марбут ба ин ҳаводис дар бойгониҳои Тоҷикистон ҳанӯз сарбамӯҳранд.

Қурбони Аламшоҳ, рӯзноманигори тоҷик, ки ба зудӣ ҷустуҷӯҳои худро дар бораи репрессияи сталинӣ бо номи “Помир 1937” рӯи чоп хоҳад овард, гуфт, дастрасӣ ба чунин мавод дар Тоҷикистон кори саҳлу соддае нест.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, "бисёр фондҳо дар Русия мӯҳри махфият аз чунин маводро бардоштаанд. Онҳо дигар сиррӣ нестанд. Аммо дар Тоҷикистон он чизҳое, ки солҳои чилуму панҷоҳум махфӣ буданд, ҳанӯз ҳам махфиянд. Дар Тоҷикистон дастрас намудани мавод дар бораи даврони таъқиботи сталинӣ мушкил аст."

Китоби “Помир 1937” тақрибан понздаҳ маводи Қурбони Аламшоҳ дар бораи қурбониёни таъқиботи сталинӣ дар минтақаи Бадахшони Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Ин хабарнигори тоҷик мегӯяд, аз сабаби он ки дар Бадахшон зиндагиву кор мекунад, бештар ба тақдири қурбониёни таъқиботи сталинӣ дар ин минтақаи кишвар, махсусан Шириншоҳ Шоҳтемур, таваҷҷӯҳ карда, бо пайвандони онҳо сӯҳбат анҷом додааст.

Ҷаноби Аламшоҳ аз соли 1989 ба таҳқиқи ин мавзӯъ машғул буда, дар ҷустуҷӯи мавод рӯзҳои зиёди зиндагияшро дар бойгониҳои Маскаву Санкт-Петербург ва шаҳрҳои атрофи пойтахти Русия паси сар кардааст. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди он ки репрессияи сталинӣ як саҳифаи сиёҳи таърихи мардуми тоҷик маҳсуб мешавад, аммо муаррихону хабарнигорон ба ин масъала камтар таваҷҷӯҳ кардаанд. "Шояд бисёриҳо гумон мекунанд, ки ин масъала аллакай ҳалшуда аст. Вале чанд мақолае, ки дар даврони престройкаи горбачевӣ чоп шуданд, онҳо публисистика буданд. Дар ҳоле ки ин мавзӯъ баҳои илмӣ мехоҳад",-мегӯяд ӯ.



Гуфта мешавад, бар асари репрессияи солҳои 30-юми қарни гузашта дар Тоҷикистон ҳазорон нафар кушта, зиндонӣ ва ё бадарға шудаанд. Ҳарчанд аз мустақилияти Тоҷикистон бештар аз бист сол мегузарад, то ҳол мақомот иқдом ба боз кардани парванда ва асноди замони сталинӣ накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 29-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, аз қурбониёни репрессияи сталинӣ ёдоварӣ карда, дар ин робита аксияҳои гуногун баргузор карданд. Барои мисол, дар аксияи созмони "Мемориал" бо номи "Возвращение имен" садҳо нафар иштирок кардаву дар идомаи рӯз исми қурбониёни "террор"-и соли 1937-ро ба забон оварданд. Ин бори шашум аст, ки созмони "Мемориал" чунин маросимро баргузор мекунад. Бино ба оморе, ки ин созмон ба даст овардааст, дар солҳои 1937-38 танҳо дар шаҳри Маскав бештар аз 30 ҳазор нафар парронда шудаанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG