Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Янукович аксариятро ҳифз мекунад


Ҳизби минтақаҳои раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович ва муттаҳидонаш зоҳиран дар интихоботи рӯзи 28 октябр аксарияти курсиҳои парлумонро ҳифз кардаанд. Натоиҷи шумориши оро ҳокист, ки ҳизби ҳоким беш аз 32 фоиз ба даст оварда, бо ҳимояти аҳзобе, чун ҳизби коммунист метавонад дар Верховний Рада аксариятро ташкил диҳад. Иттиҳоди мухолифин ба раҳбарии ҳизби Баткившинаи Юлия Тимошенко бо 24 дарсад дар мақоми дувум аст. Амрико ва нозирони САҲА бо таъкид ба кӯтоҳиҳо дар корзор ва раъйгирӣ, интихоботи ахирро барои Украина қадаме ба қафо аз роҳи демократия номиданд.
XS
SM
MD
LG