Пайвандҳои дастрасӣ

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 3,6 миллиард $ шудааст


Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 9 моҳи аввали сол 3,652 миллиард доллар шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад бештар аст. Содироти маҳсулоти Тоҷикистон дар ин муддат 969 миллион, вале воридоташ беш аз 2,6 миллиард долларро ташкил додааст. Русия бо 731 миллион доллар табодули молу коло шарики асосӣ дар тиҷорати хориҷии Душанбе ба шумор рафта, Туркия бо 411 миллион доллар дар мақоми дувум будааст. Тоҷикистон ба хориҷ асосан пахта ва алюминий мефурӯшад.
XS
SM
MD
LG