Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ТВ “Ҷаҳоноро” аз мақомаш барканор шудааст


Маҳмудҷон Дадобоев (Акс аз саҳфаи Фейсбук)
Маҳмудҷон Дадобоев (Акс аз саҳфаи Фейсбук)

Раҳбари ТВ "Ҷаҳоноро"-ро барои пахши "хабари носаҳеҳ дар бораи сӯхтори "Корвон" аз мақомаш барканор кардаанд.

Маҳмудҷон Дадобоев, раҳбари телевизони мустақили "Ҷаҳоноро" дар шаҳри Чкаловск, "барои пахши хабари носаҳеҳ (ғалат) дар бораи сӯхтори "Корвон" аз мақомаш барканор шудааст.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи Маҳмудҷон Дадобоев, рӯзи 30-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмимро муассиси телевизони "Ҷаҳоноро" -- Охунов гирифтааст. Ба қавли хонум Муҳаббат, муассиси "Ҷаҳоноро" аз он норизоӣ кардааст, ки хабари носаҳеҳ дар бораи сӯхтори "Корвон" муносибати онҳо бо мақомотро халалдор карда, ба обрӯи телевизион латма задааст.

Аммо то кунун худи Маҳмудҷон Дадобоев дар ин маврид изҳори назаре накардааст. Тамосҳои мо низ бо ӯ то ҳоли ҳозир бенатиҷа буданд. Аммо вакили мудофеъ Муҳаббат Ҷӯраева мегӯяд, худи Маҳмудҷон Дадобоев низ барои истеъфо аз мақомаш ариза навиштааст.

Маҳмудҷон Дадобоев, яке аз кормандони ҳирфаӣ дар бахши телевизион дар вилояти Суғд аст. Вай пештар раҳбарии телевизиони мустақили СМ-1 дар шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда дошт.

Дар оғози моҳи октябр
додситонии Суғд нисбат ба Маҳмудҷон Дадобоев, раҳбари телевизиони "Ҷаҳоноро" барои пахши хабари сӯхтори бозори “Корвон”-и Душанбе дар барномаи ахбор, парвандаи маъмурӣ боз карда буд.

Он замон аз додситонии Суғд ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки сабаби аслии боз шудани парвандаи маъмурӣ алайҳи сармуҳаррири телевизиони “Ҷаҳоноро”, “пахши носаҳеҳ”-и хабари Оҷонсии “Тоҷнюс” дар барномаи ахбори телевизиони “Ҷаҳоноро” будааст, ки шумораи эҳтимолии ҳалокшудагон дар сӯхтори бозори “Корвон”-ро “бинобар маълумоти ғайрирасмӣ”, ба ҷойи 3-8 нафар, “38 нафар” эълон кардааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG