Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли як имом бо падару бародараш дар Доғистон


Гузоришҳои расида аз ҷумҳурии Доғистони Русия ҳокист, ки бар асари як ҳамла имоми маҳаллӣ Калимуллоҳ Иброҳимов ҳамроҳ бо бародар ва падараш кушта шудаанд. Афроди мусаллаҳ алайҳи мошини онҳо субҳи имрӯз дар шаҳри Дарбанд оташ кушодаанд. Бино ба хабарҳо, ин рӯҳонӣ барои имоматии намоз ба масҷид мерафт. Хушунатҳо дар ҷумҳуриҳои ошӯбзадаи Қафқози шимолии Русия, ки ҷангиёнаш барои истиқрори низоми исломӣ меҷанганд, ҳарсол даҳҳо кушта ба ҷо мегузорад.
XS
SM
MD
LG