Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон моҳи декабр узви СҶО хоҳад шуд


Созмони ҷаҳонии тиҷорат(СҶТ) гуфтааст, дархости Тоҷикистон барои пайвастан ба ин ниҳоди ҷаҳониро ғолибан дар моҳи декабр хоҳад пазируфт. Ин дар ҳолест ки рӯзи душанбе гурӯҳи кории ин созмон ҷадвали замонии пазироии Душанбе ба узвияти СҶТ-ро тасвиб кард. Ин созмони мустақар дар Женева интизор дорад, ки тамоми аъзояш то нишасти Шӯрои умумӣ, ки бояд 11-12 декабр доир шавад, асноди номзадии Тоҷикистонро тасвиб хоҳанд кард. Раҳбари СҶТ Паскал Ламӣ дар баёнияаш гуфт, “пайвастан ба СҶТ Тоҷикистонро сароҳатан ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми ҷаҳонии тиҷорат пайваста, муҳити бозу шаффоф ва бидуни табъизро таъмин хоҳад кард.” Ӯ афзуда, ки “Тоҷикистон ҳамчун узви СҶТ барои истифодаи тиҷорат ба ҳайси василаи рушду пештар монанди дигарон соҳиби мавқеъи беҳтаре хоҳад шуд.” Тоҷикистон ҳанӯз соли 2001 барои пайвастан ба СҶТ дархост дод, вале музокироти амалиаш бо ин созмон тақрибан аз соли 2009 оғоз ёфт.
XS
SM
MD
LG