Парвандаи куштори Холмӯъмин Сафаров, мудири сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуда, дар ҳоли ирсол ба додгоҳ аст. Ҷӯрабой Сӯфиев, вакили дифоъи Диловар Қосимов, нафари муттаҳам дар куштор ба Радиои Озодӣ гуфт, ниҳоят Додситонии кул танҳо аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – 105 ( куштор) ва 195 (нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ) муҷримро ба ҷавобгарӣ кашид. Вай афзуд, моддаи терроризм, ки дар гузашта аз сӯи тафтишот эълон шуда буд, ахиран ба далели набудани далоили муътамад, ҳазф шудааст. Қарор аст парвандаи куштори Холмӯъмин Сафаров дар додгоҳи ноҳияи Сино баррасӣ шавад. Собиқ мудири сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли равон дар назди манзили худ ба қатл расида буд. То ба ҳол тафтишот ба далоили ин куштор рӯшанӣ наандохтааст.