Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон вориди Сараево шуд


Истиқбол аз Ҳилларӣ Клинтон дар Сараево
Истиқбол аз Ҳилларӣ Клинтон дар Сараево
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, вориди Сараево шуд. Сафари панҷрӯзаи худро ба нимҷазираи Балкан хонум Клинтон аз Боснӣ ва Ҳерсеговина шурӯъ кард ва қарор аст, ки баъдан ҳамроҳ бо раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ба Сербия ва Косово низ сафар кунад. Сипас вазири умури хориҷии Амрико ба Албания ва Хорватия меравад.

Интизор меравад, ки дар меҳвари гуфтугӯҳо дар Сараево – таҳкими давлатдорӣ дар Боснӣ ва Ҳерсеговина қарор бигирад. Ҳамчунин идомаи раванди музокирот миёни Сербия ва Косово, ки чанде қабл ифтитоҳ шуд, аз мавзӯъҳои аслии сафари хонум Клинтон ба минтақа эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG