Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин қурбониҳои "Сэнди" дар Ню-Йорк ва Ню-Ҷерсӣ


Бар асари тӯфони “Сэнди” дар шимолу шарқи Амрико аллакай даҳ нафар ба ҳалокат расиданд. Associated Press хабар дод, ки дасти кам се нафар дар Ню-Йорк ва Ню-Ҷерсӣ бар асари афтодани дарахтҳои азим ҷон бохтанд. Дар бораи сабаби марги дигарон то ҳол иттилое зери даст нест.

“Сэнди” шоми душанбе ба соҳилҳои шарқии Амрико расид. Гуфта мешавад, ки баландии мавҷи об дар соҳилҳои Ню-Ҷерсӣ то 4 метр расидааст. Бархе аз хиёбонҳои Ню-Йорк ва Атлантик-сити зери об мондаанд.

Аз ин пеш Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед изҳор намуд, ки тӯфон нерӯманду ваҳшатнок хоҳад буд, аз ин рӯ мардуми иёлоти шарқӣ бояд барои ба мавзеъҳои амн кӯч бастан ҳарчӣ зудтар тасмим бигиранд.

Интизор меравад, ки рӯзи сешанбе Биржаи саҳҳоми Ню-Йорк баста хоҳад буд. Додгоҳи олии ИМА ҳам кор нахоҳад кард. Дар соҳилҳои шарқӣ бештари муассисаҳо корро мутаваққиф кардаанд, парвози ҳавопаймоҳо лағв шудааст ва дар ҳаракати нақлиёт тағйирот ворид намуданд.

Бар асари тӯфони “Сэнди” дар кишварҳои ҳавзаи Кариб беш аз 60 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар баҳри Кариб 9 нафар ғайб задаанд.
XS
SM
MD
LG