Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун: Мусолиҳа дар Сурия ноком шуд


Рӯзи душанбе, охирин рӯзи оташбас дар Сурия, ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳукуматӣ ба мавқеъҳои мухолифини мусаллаҳ дар канори Димишқ зарба заданд. Гуфта мешавад, ки чанд нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо бино валангор ё қисман тахриб шудааст.

Ба иттилои телевизиони давлатии Сурия, бар асари таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар пойтахт дасти кам 10 нафар ҷон бохтанд.

Ҷонибҳдои даргир дар халалдор сохтани мусолиҳа ҳамдигарро айбдор мекунанд.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, бо таассуф иқрор намуд, ки мусолиҳа ноком шуд.
Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия, баъд аз анҷоми музокирот бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар Маскав изҳор намуд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд муттаҳид шавад ва барои ҳалли бӯҳрони Сурия талош кунад. Сергей Лавров гуфт, ки айни ҳол вазифаи асосӣ – мутмаин сохтани нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ барои қатъи хушунат аст.
XS
SM
MD
LG