Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори нави Обама дар робита ба тӯфони "Сэнди"


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз шаҳрвандон даъват кард, ки ба ҳамлаи тӯфони “Сэнди” омода шаванд. Қарор аст, ки тӯфон соатҳои наздик ба соҳилҳои шарқии кишвар бирасад. Дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед Обама изҳор намуд, ки тӯфон нерӯманд хоҳад буд, ва шояд боиси харобиҳои зиёд шавад, аз ин рӯ сокинони аёлатҳои шарқӣ бояд бо тавсияи мақомоти маҳаллӣ дар бораи ба мавзеъҳои амн кӯч бастан ҳарчӣ зудтар тасмим бигиранд. Гуфта мешавад, ки шиддати шамол дар маркази тӯфон 140 километр дар як соатро ташкил хоҳад дод.

Дирӯз ҳам Барак Обама аз мардум хоста буд, ки "Сэнди"-ро ба чашми кам набинанд. Раисиҷумҳури ИМА маъракаи таблиғотияшро мутаваққиф карда ба Вошинтон баргашт.

Интизор меравад, ки рӯзи сешанбе низ Биржаи саҳҳоми Ню-Йорк баста хоҳад буд. Додгоҳи олии ИМА ҳам кор нахоҳад кард. Дар соҳилҳои шарқӣ бархе аз муассисаҳо корро мутаваққиф кардаанд, парвози ҳавопаймоҳо лағв шудааст ва дар ҳаракати нақлиёт тағйирот ворид намуданд.

Бар асари тӯфони “Сэнди” дар кишварҳои ҳавзаи Кариб беш аз 60 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG