Пайвандҳои дастрасӣ

Пахтакорон: "Кӣ кашад ҷабру ҷафо, кӣ кунад кайфу сафо"


Пахтакорони тоҷик мегӯянд, ки фоидаи дастранҷи онҳоро дигарон мебинанд

Пахтакорони тоҷик мегӯянд, ки фоидаи дастранҷи онҳоро дигарон мебинанд

Кишоварзон мегӯянд, мақомоти маҳаллӣ бо моликони корхонаҳои пахтатозакунӣ дастранҷи онҳоро бо нархи ночиз мегиранд.

Мақомоти маҳаллии Тоҷикистон хоҷагиҳои пахтакорро ба пардохти қарзи андоз маҷбур мекунанд, аммо деҳқонон мегӯянд, ин кӯшишҳо барои чархондани корхонаҳои пахтаи таҳти назорати мақомот аст.

Як раҳбари хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Масчо, ки худро Қодир Махсумов муаррифӣ кард, мегӯяд, нозирони андоз роҳҳоро назорат мекунанд, то ягон трактори пахтакаш бидуни иҷозаи онҳо аз ноҳия берун наравад. Ӯ илова кард, мақомоти маҳаллӣ бо баҳонаи пардохти андоз хоҷагиҳои деҳқониро маҷбур мекунанд, ки пахтаашонро барои фурӯш аз ҳудуди ноҳия берун набаранд: "Худ шоҳидам, ки раиси ноҳия дар чандин баромадаш миёни мардум гуфт, ки пахтаи Масчо бояд дар дохили Масчо коркард шавад. Ба мардум боз таъкид кард, ки ору номуси ҷавонмардӣ зарур аст, ору номуси маҳаллӣ даркор ва мо бояд пахтаамонро дар дохили ноҳия коркард кунем."

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар асл дар паси ин шиорҳои ватандӯстӣ манфиати гурӯҳҳои молиявӣ меистад, ки аз пахтаи ноҳия нафъи молӣ мебинанд ва мақомоти маҳаллӣ низ бо онҳо ҳамкор ҳастанд. Ба қавли ӯ, ин корхонаҳо мехоҳанд пахтаи мардумро нисбат ба нархи бозор арзонтар ба даст оранд.

Чунин мавридҳо дар навоҳии вилояти Хатлон низ ба назар мерасанд. Аз рӯи нақли пахтакорон, корхонаҳои пахта бо мусоидати мақомот мехоҳанд як тонна пахтаи онҳоро бо нархи арзон аз 420 то 450 доллар харидорӣ кунанд, ҳол он ки дар бозор қимати 1 тонна пахта то 550 – 600 доллар расидааст.

Сабриддин Қутбиддинов, сарвари хоҷагии деҳқонии "Насриддин"-и ноҳияи Қумсангир мегӯяд, аз андоз қарздор нест вале ӯро ҳам иҷозат надодаанд, ки пахтаашро аз ноҳия берун кашонда, бо нархи муносибтар бифурӯшад. Ӯ мегӯяд, маҷбур шуд 3 тонна пахтаашро ба ширкати "Исмоил Сомонӣ-асри 21" "ҳадя" кунад: "Пахтаро супоридему гуфтем, марҳамат бигиред. Бо ҳамон мошин супоридему гуфтем, бигиред, аз Шумо, Шумо сер шавед, шуд. Дигар нарафтам. Ин кор на ба мусалмонӣ рост меояд, на ба кофирӣ."

Аз рӯи нақли Сабриддин Қутбиддинов, хоҷагии ӯ соли 2010 дар пайи пошхӯрии як хоҷагии бузургтар ба номи "Шаҳриёр" ташкил шуд, ки аз ширкати фючерсии "Исмоили Сомонӣ-асри 21" қарзи калон доштааст ва гӯиё қарзҳои он хоҷагиро миёни хоҷагиҳои хурд тақсим карданд. Дар ҳамин ҳол, коршиносон ин шеваи муносибат бо деҳқони пахтакорро як навъ қонуншиканӣ ва бархӯрди "феодалӣ" дар асри нав меноманд.

Дилшод Сафаров, коршиноси маҳаллӣ, ки ин мавзӯъро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, ин қарзҳо ҳанӯз аз гузаштаи хеле дур ҷамъ шуда, аз тарафи ҳукумат бахшида шудаанд, аммо ширкатҳо бо истифода аз нуфузи худ ва мақомот талош доранд, то бори ин қарзро ба гардани хоҷагиҳои деҳқонӣ бор кунанд: "Ин ҳамон қарзҳои деҳқонон ҳастанд, ки президенти кишвар онҳоро бахшида буд. Аммо "Исмоили Сомонӣ – асри 21" онҳоро ҳоло ҳам бармегардонад. Мо таҳқиқ кардем ва дарёфтем, ки ҳоло сари гектаре хоҷагиҳо 1,5 ҳазор доллар қарз доранд. Ин қарз аз куҷо пайдо шудааст, касе намедонад."

Соли 2009 дар пайи як моҷарое бо Бонки миллии Тоҷикистон ошкор шуд, ки деҳқонони Тоҷикистон аз ширкатҳои фючерсӣ ҳудуди 400 миллион доллар қарздоранд. Моҳи июни ҳамон сол президенти Тоҷикистон ин қарзҳоро бекор кард ва деҳқонони пахтакор аз тобеияти ширкатҳои фючерсӣ озод шуданд. Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Исмоили Сомонӣ – асри 21» ҳеҷ касе омода нашуд, бо мо дар ин бора сӯҳбат кунад.

Аммо Саидадҳам Абдуллоев, аз Кумитаи андози Тоҷикистон, ба мо гуфт, хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд андози худро супоранд, аммо ин ҳама тибқи дастурҳои мушаххас бояд сурат гирад: "Дар ин масъала чанд мактуби дастурӣ фиристода шудааст. Ҳама дар доираи қонун аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки пахтаро нафурӯхта андозро диҳад. Пахтаро бояд фурӯхта, баъд андозро медиҳанд."

Коршиносон мегӯянд, пахта аз тиҷоратҳои сердаромади риштаи кишоварзии Тоҷикистон ба шумор рафта, бозигарони ин бозор мекӯшанд, аз ин тиҷорат ҳадди аксари фоидаро бардоранд. Вале ин фоидаи ҳангуфт аз фурӯши “тилои сафед” асосан аз роҳи бо нархи ночиз аз деҳқон ситонидани пахта ба ҷайби ин ширкатҳо медарояд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG