Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таъхири ҳавопаймоҳо мардумро асабонӣ кардааст"


Дар нӯҳ моҳ 1 ҳазору 110 ҳодисаи таъхири парвоз сабт шудаст
Дар нӯҳ моҳ 1 ҳазору 110 ҳодисаи таъхири парвоз сабт шудаст

Як масъули Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ аз хадамоти ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон интиқод карда, онро сабаби асабонияти мардум донистааст.

Бино ба хабари торнамои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Муҳаммад Ҳабибов -- масъули бахши нақлиёти дастгоҳи иҷроияи президент таъхир ва сифати ғизо дар ҳавопаймоҳоро нигаронкунанда хондааст.

Ӯ зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нӯҳмоҳаи вазорат изҳор доштааст, "мавридҳое мешавад, ки мусофирон рӯзи тамом ё аз шаб то рӯз мунтазири ҳавопаймо мешаванд. Онҳо на ба хона рафта метавонанду на ба ҷои дигар. Дар бинои фурудгоҳ ва саҳни он соатҳои тӯлонӣ дар ҳавои сард интизор шудан магар ин хизматрасонист? Ин на хизматрасонӣ, балки асабонӣ кардани онҳост. Қариб дар ҳама хатсайрҳо таъхир ба миён меояд."

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ҳам дар ин робита таъкид кардаст, ки шикоятҳои мардум аз хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз зиёд шудаанд. Ба гуфтаи Ҳакимов, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар 3 фурудгоҳи кишвар 1 ҳазору 110 ҳодисаи таъхири парвозҳо ба қайд гирифта шудааст.

"Ин рақам таҳлилҳои амиқтару алоҳидаро мехоҳад. Мусофир танҳо ба хотири саривақт ва бофароғат ба ҷои хостааш рафтан нақлиёти ҳавоиро интихоб мекунад. Ба интихоби ӯ сазовор бояд буд",-таъкид кардааст вазир. Дар баробари ин, вазир интиқод кардаст, ки қисми зиёди ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд: "Алҳол чор ширкати ватанӣ дорои 73 ҳавопаймо мебошанд, ки 42 ҳавопаймо коршоям ва ҳамагӣ 21 ҳавопаймо ҷавобгӯи талаботи хатсайрҳои байналмилалӣ мебошанд."

Музаффар Исоқов, мудири кулли "Тоҷик Эйр"
Музаффар Исоқов, мудири кулли "Тоҷик Эйр"
Музаффар Исоқов, мудири кулли ширкати "Тоҷик Эйр", ки бисёри норозигиҳо ба ин ширкат рабт доранд, гуфтааст, таъхири парвозҳо иллатҳои гуногун доранд ва танҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ вобаста нестанд. Вай сабаби якгунагӣ ва пурра ба талабот ҷавобгӯ набудани ғизо дар ҳавопаймоҳоро ба набудани рақобат рабт додаст.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба 732,1 ҳазор мусофир хизмат расонида, 1822,4 тонна борро интиқол додаанд. Аз ҷумла, дар ширкати "Сомон Эйр" мусофирбарӣ 26% афзуда, дар ширкатҳои "Тоҷик Эйр" - 23,8% ва "Ист Эйр" 53,3% кам шудааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG