Пайвандҳои дастрасӣ

"Асири шӯроободӣ" се гаравгонгири афғонро кушт


Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, як сокини Шӯрообод се гаравгонгири афғонро куштаву чанд нафари дигарро захмӣ кардааст.

Сокини мавзеи Давлатободи ноҳияи Шӯрообод рӯзи 28-уми октябри соли ҷорӣ барои раҳоӣ аз банди гаравгонгирони афғон се нафари онҳоро куштаву чанди дигарро захмӣ намудааст.

Як масъули Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шӯрообод ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи якшанбе гурӯҳи афғонҳо ба мавзеи Давлатободи ин ноҳия ворид шуда, як сокини онро ҳангоми себчинӣ ба гарав мегиранду ба тарафи Афғонистон ҳаракат мекунанд. Аммо сокини мавзеи Давлатобод ҳангоми убури пайроҳа бо истифода аз фурсат як автомати "Колашников"-и гаравгонгирҳоро рабуда, ба тарафи онҳо тир мекушояд.

Дар натиҷа, ба гуфтаи масъули Шӯъбаи умури дохилии Шӯрообод, се гаравгонгири афғон кушта ва чанд тани дигар захмӣ мешаванд.

Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шӯрообод хабар медиҳад, ки сокини деҳаи Давлатобод феълан дар боздоштгоҳи шӯъба мавриди пурсиш қарор дорад ва ба хотири амнияти шахсии вай ному насабаш фош карда намешавад. Масъулони шӯъба мегӯянд, дар ҳоли ҳозир сабабҳои аслии ин ҳодиса мавриди баррасӣ қарор дорад ва тафсилоташ рӯзҳои наздик ошкор хоҳад шуд.

Ба қавли мақомоти интизомии Тоҷикистон, вақте гурӯҳҳои қочоқбари афғон ҳангоми муомила дар масъалаи фурӯши маводи мухаддир ноком мешаванд, дар иваз сокинони деҳоти навоҳии марзии Тоҷикистон, аз ҷумла кӯдакону ҷавононро ба гарав мегиранд.

Тайи як даҳсолаи охир борҳо мақомоти марзбонӣ ва интизомии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии Афғонистон тавонистаанд аз дасти гаравгонгирҳо, ки аслан гурӯҳҳои қочоқбар ҳастанд, гаравгонҳои тоҷикро озод намоянд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG