Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гаравгони тоҷик дар марз гаравгонгирҳоро ба қатл расонд


Як сокини ноҳияи Шӯробод се гаравгонгири афғонро кушта чанд нафари дигарро захмӣ кардааст.

Шӯъбаи умумри дохилаи ноҳияи Шуробод воқеъ дар 300 километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон рӯзи душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки 28 октябр гурӯҳи афғонҳо ба мавзеъи Давлатободи ин ноҳия ворид шуда, як сокини онро ҳангоми себчинӣ дар боғ ба гарав гирифта, ба тарафи Афғонистон ҳаракат кардаанд.

Аммо сокини Давлатобод ҳангоми гузаштан аз пайроҳа бо истифода аз фурсат як автомати калашникови гарвгонгирҳоро забт карда, ба тарафи онҳо тир мекушояд, ки дар натиҷа се гаравгонгири афғон кушта, чанд нафари дигар захмӣ мешаванд.

Сипас сокини мавзеъи Давлатабобод дар даст калашников аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Шуробод хабар медиҳад, ки ҳоло сокини деҳаи Давтлатобод дар боздоштгоҳи шӯъба мавриди пурсиш қарор дорад ва ба хотири амнияти шахсии вай аз бурдани ному насабаш худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG