Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷустуҷӯи се сокини ғарқшудаи Шуғнон идома дорад


Масъулини ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Бадахшон мегӯянд, корманди ин ниҳод ба ҷустуҷӯи ҷасади се сокини ноҳияи Шуғнон, ки дар дарё Ғунд ғарқ шуданд, сафарбар гардиданд. Ин афрод дар натиҷаи садамаи автомобилӣ ба дарё афтоданд. Бозраси калони шӯъбаи бозрасии давлатии раёсати корҳои дохилаи вилоят Муслим Варқаев гуфт, «дар деҳаи Питоби ноҳияи Шуғнон бар асари садама автомашина чапа шуда ба дарё афтод ва ҷасади се мусофири он то ҳол пайдо нашудаанд». Ба иттилои ин манбаъ, садама бар асари худсарона сари фармони автомобил нишастани як ноболиғ рух додааст. Ба гуфтаи вай, хонандаи синфи 11-и мактаби деҳа Маҷид Шамиров калиди автомашинаро ба даст оварда бо иттифоқи ду ҳамдеҳаи дигараш мехост ба манзили наздиконаш ба ҷониби дигари деҳа раванд. Ҳангоми ҳаракат автомобил чаппа шуда, ба дарё афтодааст. Ба иттилои идораи бозрасӣ, агар соли гузашта то ба ҳамин давра 17 садама рух дода бошад, имсол шумораи садамаҳои нақлиётӣ ба 32 расидааст. Бар асари садамаҳои нақлиётӣ 23 кас ҳалок шудааст, ки ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба зиёдтар будааст.
XS
SM
MD
LG