Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайатҳои Тоҷикистону Чин назорат ба марзро баррасӣ мекунанд


Хушнуд Раҳматулоев-сухангӯи сарраёсати марзбонии Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон рӯзи душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ҳайати нируҳои марзбонии Чин ба раҳбарии Ҷио Шу Куй-муовини фармондеҳи нируҳои марзбонии ин кишвар дар Душанбе бо Шералӣ Мирзоев- фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон мулоқот кардааст.

Дар мулоқот роҳҳои назорат бар 500 километр минтақаи марзии миёни ду кишвар баррасӣ шудааст.

Ҳоло ин қисмати марзро дар минтақаи Шинҷони Чин, ки бо ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон ҳаммарз аст, нируҳои марзбонии ду ҷониб назорат мекунанд.

Натиҷаҳои ниҳоии мулоқоти ҳайатҳои Чину Тоҷикистон рӯзи сешанбе маълум мешавад.
XS
SM
MD
LG