Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон 2 тундравро боздошт кардаанд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, ки як нафар шахси гумонбар ба узвияти Ҳизбуттаҳррир дар минтақаи Иссиқкӯл боздошт шудааст.

Дар эъломияи рӯзи душанбеи ин кумита гуфта мешавад, ки марди боздоштшуда 23 сол дорад ва аз вай миқдори зиёди маводи таблиғкунандаи тундгароӣ мусодира шудааст. Вайро ба боздоштгоҳи маҳаллӣ фиристодаанд.

Дар хабари дигар вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон мегӯяд, ки дар ноҳияи Нукат воқеъ дар ҷануби кишвар як ҷавони дигарро дар охири ҳафта боздошт кардаанд. Бино ба ин хабар, боздоштшуда бо худ силоҳи ғайриқонунӣ доштааст ва эҳтимол меравад, ки узви яке аз гурӯҳҳои тундрав бошад.
XS
SM
MD
LG