Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Иди Қурбон дар Сурия оташбас риоят нашуд


Фаъолони Срия мегӯянд, ки дар чаҳорумин ва охирин рӯзи оташбаси Иди Қурбон ҳавопаймоҳои низомӣ шаҳри Димишқро бомбборон кардаанд. Оташбас рӯзи ҷумъа оғоз шуд ва бояд дар рӯзҳои Иди Қурбон риоят мешуд.

Ин оташбасро Ахзар Иброҳимӣ-фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб барои Сурия пешниҳод карда буд, вале дар рӯзҳои Иди Қурбон дар саросари Сурия ба таври комил иҷро нашуд.

Нируҳои ҳукуматӣ ва шӯришиён, ки бар зидди ҳукумати президент Башор Асад меҷанганд, якдигарро дар риоят накардани оташбас муттаҳам мекунанд.

Фаъолон мегӯянд, дар рӯзҳои Иди Қурбон дар Сурия садҳо нафар дар даргириҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG