Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Украина шумориши оро идома дорад


Дар сурате, ки аз се як қисми баргаҳои рай дар интихоботи порламонии Украина шумурда шудааст, ҳизби ҳокими президент Виктор Янукович дар сафи пеш қарор дорад. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, ҳизби вай бо номи “Ҳизби минтақаҳо” 36 дарсад рай ба даст овардааст.

“Баткившина” ё ҳизби “Сарзамини падарӣ”-и Юлия Тимошенко- нахуствазири пешин, ки дар зиндон ба сар мебарад, бо 21 дарсад дар мақоми дуввум аст. Ҳизби куммунист бо 15 дарсад дар зинаи севвум қарор дорад. Ҳизби “Удар” ё “Зарба”-и Виталий Кличко-қаҳрамони ҷаҳон дар муштзанӣ 13 дарсад ва ҳизби “Свобода” бо 8 дарсад дунболи ҳам омадаанд.

Мақомоти ғарбӣ мегӯянд, интихоботи рӯзи якшанбе имтиҳони демократия дар Украина аст.

Порламони ин кишвар дорои 450 курсӣ аст.
XS
SM
MD
LG