Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти сарони ниҳодҳои марзбонии Чину Тоҷикистон


Дурнамои ҳамкориҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Чин имрӯз,29-уми октябр дар Душанбе тайи мулоқоти генерал Шералӣ Мирзоев, сардори Раёсати нерӯҳои марзии КДАМ-и Тоҷикистон ва генерал Чжоу Шу-Куй, муовини фармондеҳи неруҳои марзбонии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба қавли Хушнуд Раҳматулоев, сухангӯи сарраёсати марзбони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, дар ин мулоқот ходимони ниҳодҳои марзбонии ҳарду кишвар наҳваи назорати ҳудуди 500 километри марзи муштараки ду кишварро баррасӣ карданд. Дар ҳоли ҳозир марзбонони ду кишвар хати марзи муштаракро дар ноҳияи Синзяни Уйғури Чин ва дар минтақаи Мурғоби Тоҷикистон назорат мебаранд. Хушнуд Раҳматулоев гуфт, ки баррасии масъалаи назорати марзи муштарак аз ҷониби ҳайатҳои ду кишвар то рӯзи сешанбе идома пайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG