Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи севуми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз -- 29-уми октябр, дар рӯзи сеюми сафари худ ба вилояти Суғд, аз чанд иншооти навбунёд дидан ва дар маҷлиси фаъолони Суғд иштирок хоҳад кард. Бино ба иттилои мақомоти Суғд, ҷаноби Раҳмон нахуст аз корхонаи хусусии “Раҳимов” дар шаҳри Хуҷанд боздид мекунад. Ин корхона нахустин коргоҳи истеҳсоли коғаз дар Тоҷикистон аз пасмондаҳои коғазӣ буда, ҳамчунин дорои сехи бофандагию дӯзандагист.

Ҳамчунин то нимрӯзи 29-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон аз чанд муаассисаҳои таълимиву варзишӣ, аз ҷумла мактаби хусусии “Иршод”, ки барои бори нахуст ба хонандагон забони чинӣ меомӯзонад, толори варзишии Устопириён, гӯштигири машҳури тоҷик, ва майдончаи яхи сунъӣ дидан хоҳад кард.

Баъд аз нимрӯзи душанбе, 29-уми октябр, сафари раисҷумҳур ба вилояти Суғд бо иштирок дар ҷаласаи фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Қайроққум анҷом хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG