Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдувосит Латифов дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад?


Абдувосит Латифов, аз фармондеҳони пешини мухолифон
Абдувосит Латифов, аз фармондеҳони пешини мухолифон

Вакили дифои Қорӣ Восит аз додситонӣ хост, дар мушаххас кардани ҷои нигаҳдории зерҳимояаш мусоидат намояд.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Абдувосит Латифов (Қорӣ Восит) ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз -- 29-уми октябр бо тақдими нома ба Додситонии кулли Тоҷикистон, дархост кардааст, ки барои маълум кардани ҷойи нигоҳдории Қорӣ Восит мусоидат намоянд.

Вакили дифоъ мегӯяд, онҳо дақиқ хабар доранд, ки Қорӣ Восит пас аз нопадид шуданаш дар Русия, дар ҳафтаи гузашта ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст, вале то ба ҳол ниҳодҳои дахлдори давлатӣ хабар надодаанд, ки ӯро дар куҷо нигаҳдорӣ мекунанд.

Шӯҳрат Қудратов меафзояд, агар Додситонии кул дар ҳалли ин масъала мусоидат накунад, вакилони мудофеъ изҳорот пахш намуда, расман таъкид мекунанд, ки "Абдувосит Латифов аз тарафи мақомоти амниятии Тоҷикистон дуздида шудааст".

Аммо дафтари матбуот ва намояндагони дигари вазорати умури дохилии Тоҷикистон интиқоли Қори Воситро рад намуда, изҳори бехабарӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Латофат Имомова, модари Абдувосит Латифов, рӯзи ҷумъаи 26-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, аз як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаҳмидааст, ки писараш феълан дар Душанбест. Ӯ гуфт, ҳамон тавре ки огоҳ шуд, Абдувосит (Қорӣ Восит) рӯзи 24-уми октябр аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

Хонум Латофат мегӯяд, аз мақомоти интизомии кишвар дархост дорад, ки писарашро латту кӯб накунанд ва агар ӯ гуноҳе дошта бошад, бояд дар назди қонун ва дар толори додгоҳ ҷавоб гӯяд.

Абдулатиф Латифов, падари Қорӣ Восит ба радиои Озодӣ гуфт, ки барои дифои ҳуқуқҳои писараш се вакили мудофеъ - Шӯҳрат Қудратов, Абдуқаюм Юсуфов ва ҷаноби Кавраковро интихоб кардааст.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG