Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иброҳимӣ вазъи Сурияро дар Маскав баррасӣ мекунад


Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия, имрӯз дар Маскав бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров музокирот мекунад. Гуфташунид дар ҳоле баргузор мешавад, ки аз эълони мусолиҳа миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳ се рӯз гузашт ва аммо ҷонибҳо аз оташбас кор нагирифтаанд.

Ахзар Иброҳимӣ мехост, ки Ид ал-Адҳо ё Иди Қурбон пуле барои эҳёи эътимод миёни ҷонибҳои даргир ва хатми хушунату шурӯи музокироти сиёсӣ дар Сурия шавад.

Рӯзи якшанбе ба иттилоъи фаъолони ҳуқуқи башар, бар асари даргириҳо дар манотиқи гуногун дасти кам 110 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳукуматӣ ба мавқеъҳои ошӯбгарон дар канори Димишқ зарба заданд. Даргириҳо дар шаҳри Ҳалаб, Дайр-уз-Зор ва дигар мавзеъҳо идома доштанд.
XS
SM
MD
LG