Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигор дар фошсозии иттилои шахсӣ айбдор мешавад


Дар Юнон хабарнигор Костас Ваксеванис дастгир шуд, ки рӯйхати шаҳрвандони дар бонкҳои Швейсария маблағи бузург доштаро нашр карда буд. Полис мегӯяд, хабарнигор, ки бо ҳафтаномаи Hot Doc ҳамкорӣ мекунад, дар нақзи қонуни дахлнопазирии иттилои шахсӣ айбдор мешавад.

Рӯзи шанбе дар ҳафтанома ному насаби 2059 нафар нашр шуд, ки миёни онҳо тоҷирон ва сиёсатмадорони маъруфи Юнон ҳам ҳастанд. Онҳо то соли 2007 дар бонкҳои Швейсария тақрибан 2 миллиард евро маблағ доштанд.

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, ин рӯйхатро ду сол пеш мақомоти Фаронса дар ихтиёри ҳукумати Юнон гузошта буданд, то иттилоъ дар бораи эҳтимоли аз молиёт сарпечӣ кардани ин афродро тафтиш кунад. Аммо ҳукумат фақат иттилоъ дар бораи 22 нафар аз ин рӯйхатро ба парлумону полис ироа карду халос.
XS
SM
MD
LG