Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешсафии ҳизби ҳоким дар интихоботи Украина


Бар асоси натиҷаҳои шумориши тақрибан нисфи орои интихоботи парлумонии Украина, ҳизби ҳоким бо ҳудуди 35 фоиз дар ҷои аввал аст.

Эътилофи мухолифин ба раҳбарии Юлия Тимошенко бо 22 дарсад дар мақоми дувум ва ҳизби коммунист бо 15 дарсад дар зинаи севум қарор гирифтааанд. Орои шумурдашуда ҳокист, ки ҳизби “Удар”-и қаҳрамони бокси ҷаҳон Виталия Кличко бо зери 13 фоиз ва ҳизби қавмгарои “Свобода” бо касби беш аз 8 фоизи оро низ садди панҷдарсадии вуруд ба Верховни Радаро мегузаранд.

Раҳбари ҳизби минтақаҳо ва сарвазири Украина Микола Азаров ҳанӯз шоми якшанбе иддао кард, ки интихоботро ҳизби ӯ бурдааст: "Комилан рӯшан аст, ки Ҳизби манотиқ пирӯз шудааст. Ин барои ҳама рӯшан аст. Баъзеҳо бисёр мехостанд, ки мо мағлуб шавем, вале мо пирӯз шудем. Дар муборизаи комилан одилона пирӯз шудем".

Ин дар ҳолест ки натоиҷи экзит-поллҳои қаблӣ фарқи хеле камтаре байни ҳизби ҳоким ва мухолифинашро нишон медод. Раҳбари эътилофи “Баткившина” Арсений Ятсенюк низ алакай шаби якшанбе маҳз бо такя ба ҳамин назарсанҷиҳо иддао кард ки барандаи интихобот мухолифинанд, на ҳизби ҳоким: “Баъди эълони натиҷаҳои экзит-поллҳо комилан рӯшан шуд, ки мардуми Украина аз мухолифин ҳимоят кардаанд, на аз мақомот. Ва ҳоло ки ҳавзаҳо баста шуданд ва шумориши оро сар шуд, хеле муҳим аст, ки қонуншиканӣ ва тақаллуб нашавад. Ва муҳимтарин чиз нафақат ҳизбӣ, балки ҳамчунин шумориши оро дар ҳар ҳавзаи алоҳида аст.”

Аз 450 вакили Верховний Рада нисфаш аз рӯйхатҳои ҳизбӣ ва нисфи дигараш дар ҳавзаҳо интихоб мешаванд. Ҳизби минтақаҳо иддао дорад, ки саҳмаш дар парлумони оянда аз ҳисоби пирӯзии номзадҳояш дар ҳавзаҳои инфиродӣ боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.


Мақомоти ғарбӣ имтиҳони рӯзи якшанбеи парлумони Украинаро “як имтиҳон” барои демократияи пурмушкили ин кишвар меноманд. Ин нахустин раъйгирӣ дар Украина аз замони шикасти Юлия Тимошенко аз Виктор Янукович дар интихоботи дувуним сол пеши раёсати ин ҷумҳурӣ буд. Аз соли 1994 ба ин сӯ, ин нахустин интихоботе буд, ки Тимошенко дар он ба ҳайси номзад ширкат надошт. Ӯ, ки бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, раъйи худро аз рӯи кати бемористоне дод, ки онҷо табобат мегирад.

Интихоботи Украинаро ҳудуди 800 нозири САҲА назорат бурданд, ки хулосаи худро баъд аз зӯҳри душанбе эълон мекунанд. Аммо нозирони СНГ интихоботи Украинаро алакай “машрӯъ” ва “шаффоф” номида, раҳбари ҳайъати Фарҳангистони аврупоии назорати интихоботҳо низ гуфтааст, ки дар бораи кадом қонуншикании муназзам дар рӯзи интихобот гузориш нашудааст.


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG