Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 12 нафар дар ҳамлаҳо дар Бағдод


Дар Бағдод ва атрофи он бар асари ҳамлаҳои террористӣ дасти кам 12 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ба навиштаи хабарҳо, чун дар як рӯзи пеш, таркишу ҳамлаҳо дар маҳаллаҳои шианишини пойтахти Ироқ рӯй доданд. Рӯзи шанбе бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Бағдод беш аз 30 нафар ҷон бохта буданд.

Бо вуҷуди эътидоли нисбии авзоъ, ҳар моҳ дар Ироқ бар асари низоъҳои қавмиву мазҳабӣ беш аз сад нафар ба ҳалокат мерасанд.
XS
SM
MD
LG