Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳри Нигерия шоҳиди хунрезӣ шуд


Ба думболи бомбгузорӣ дар як калисои шаҳри Кадунаи Нигерия дар ин шаҳр мардум ошӯбу харобкорӣ кардаанд, ки дар натиҷа 5 нафар кушта шудаанд. Пештар аз ин дар ҳамлаи маргталабона дар як калисои католикӣ се нафар ба шумули бомбгузор кушта шуданд. Бино ба гузоришҳо, баъди ин ҳодиса ҷавонони насронӣ ба кӯчаҳо баромада, ба афроде дарафтодаанд, ки ба назарашон мусулмон буданд. Ба гузориши хабаргузории Франс Пресс дар ин ошӯбу бенизомиҳо 145 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамла ба калисоро бар дӯш нагирифтаст, вале созмони ифротгарои исломии Боко Ҳарам дар гузашта насрониҳоро ҳадаф гирифта буд. Дар ҷангу харобкориҳои ин гурӯҳ аз соли 2009 то кунун тақрибан 2800 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG