Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Сулҳ: Толибон дигар баҳона наҷӯянд


Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон мегӯяд, тадобиреро барои таъмини амнияти музокиракунандагони Толибон андешидааст.

Маъсуми Стоникзай, раиси дафтари матбуоти Шӯрои Олии Сулҳ дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ҳамчунин ҳозиранд, мутобиқи хости Толибон дар ҳар кишвари исломӣ, заминаи гуфтӯгуҳои мустақими сулҳро фароҳам кунанд. Ба гуфтаи Маъсуми Стоникзай, дар ҳоли ҳозир дигар ҳеҷ баҳонае барои Толибон боқӣ намондааст, то ба ҷанг дар Афғонистон идома бидиҳанд:

“Шароит ва баҳонаҳоеро, ки онҳо матраҳ мекарданд ва мегуфтанд, ки ба хотири он музокира намекунем, ҳамаи он баҳонаҳо рафъ шудаанд. Рӯи хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тавофуқ шудааст. Ҷадвали замонӣ ҳам таъйин шудааст ва мушкили хуруҷу вогузории масъулиятҳо ҳал шудааст. Онҳо мегуфтанд, ки масуният надоранд ва барои музокирот ба куҷо биравем, нишоние надорем ва дастгир мешавем. Ин мушкил низ ҳал шудааст. Дар ҳар кишвари исломӣ, ки
Маъсум Станакзай, раиси дафтари матбуоти Шӯрои олии сулҳи Афғонистон
Маъсум Станакзай, раиси дафтари матбуоти Шӯрои олии сулҳи Афғонистон
мухолифон ва раҳбарони Толибон бихоҳанд, барои музокирот биёянд, мо заминаро барояшон мусоид мекунем ва ин замина ҳам фароҳам шудааст.”

Ҳукумати ба раҳбарии раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай аз дер боз хоҳони музокира бо Толибон аст, аммо ин гурӯҳ баръакс бо ҳамлаву хунрезӣ посух додаанд. Толибон барои музокироти сулҳ пешшартҳое доранд, ки хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон яке аз ин пешшартҳост. Бино ба гузоришҳо, Мулло Умар, раҳбари Толибон дар паёме ба муносибати Иди Қурбон гуфтааст, ки ҷанги онҳо алайҳи нерӯҳои хориҷӣ ва афғон ҳамчунон идома хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин аз афродаш хостааст, ки тақози ҳукумати Афғонистон барои музокироти сулҳро напазиранд. Маъсуми Стоникзай, раиси дафтари матбуоти Шӯрои Олии Сулҳ ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, афроде ҳастанд, ки манфиати худро дар идомаи ҷанг дар Афғонистон меҷӯянд: “Имрӯз тарафҳо мегӯянд, ки мушкил аз роҳи гапу музокира ҳал шавад. Пас чӣ иллат аст, ки аз музокира мегурезанд. Аз он хотир мегурезанд, ки як теъдоде ҳаст, ки манофеъашон сирф ба қисмати идомаи ҷанг дар Афғонистон аст.”

Раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай дар рӯзи аввали Иди Қурбон аз Толибон хост, ки аслиҳаашонро ба замин бигузоранд ва аз тариқи ширкат дар интихобот дар ҳукумат саҳм бигиранд. Суханони Ҳомиди Карзай дар бораи саҳмгирии Толибон дар ҳукумат, хотироти режими Толибонро дар зеҳни мардум, бахусус занон тоза мекунад. Режиме, ки занону духтаронро аз кору таҳсил маҳрум карда буд.
XS
SM
MD
LG