Пайвандҳои дастрасӣ

Таркише дар Покистон ду нафарро кушт


Бар асари инфиҷори бомбе, дар наздикии як зиёратгоҳе дар Покистон 2 нафар кушта ва 25 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса рӯзи шанбе дар зиёратгоҳи Коко Соҳиб дар шаҳри Нушера дар вилояти қабоилнишини Хайбар Пахтунхва ва дар замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки мардум барои таҷлили Иди Қурбон онҷо ҷамъ омада буданд. Ба гуфтаи пулис, бомби идорашавандаро дар як мотосикл ва дар назди дарвозаи зиёратгоҳ гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG