Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина интихоботи порлумонӣ идома дорад


Дар Украина интихоботи порлумонӣ шурӯъ шуд. Бо вуҷуди ноқаноатмандии мардум аз сиёсатҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳукумати раиси ҷумҳур Виктор Янукович ва боқӣ мондани ришвахорӣ ба эътиқоди таҳлилгарон ҳизби Янукович аксарияти курсиҳои порлумонро аз худ хоҳад кард. Юлия Тимошенко, раҳбари зиндонии мухолифони Украина аз раъйдиҳандагон хостааст, ки ба Ҳизби Манотиқи Янукович раъй надиҳанд, зеро дар сурати пирӯзии ӯ Украина ногузир ба “диктатура” табдил хоҳад шуд. Ҳизби “Ватан”-и Юлия Тимошенко ҳамроҳ бо Ҳизби “Удар”-и Виталий Кличко, варзишгари маъруфи украинӣ низ барои ба даст овардани курсӣ дар порлумони Украина саъй доранд. Кличко қавл додааст, ки ҳизбаш ришвахории густурда дар Украинаро решакан хоҳад кард. Барои назорати интихобот 700 нозири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳам сафарбар шудаанд.
XS
SM
MD
LG