Пайвандҳои дастрасӣ

Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик рӯзи 27-уми октябр ба ҷавони дӯстоштаи худ издивоҷ кард.

Хабарнигори Радиои Озодӣ қабл аз базми арӯсӣ дар тарабхонаи "Аноҳито"-и шаҳри Кӯлоб, бо барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон, сӯҳбате анҷом дод.

Озодӣ: Нахуст ба ин рӯзи хурсандӣ шуморо табрик мекунем. Бигӯед, ки чӣ эҳсосе доред ва омодагиҳо чи гуна ҳастанд?

Мавзуна Чориева: Раҳмат. Шумо омодагӣ ба олимпиадаро дар назар доред?

Озодӣ: Омодагӣ ба ин маросими хурсандиро дар назар дорам.

Мавзуна Чориева: Ин тӯи ман ҳам омодагӣ ба олимпиада ҳаст. Ин рӯзро на танҳо ман, балки ҳар як духтари тоҷик орзу мекунад. Орзу мекунад, ки хонаи обод дошта бошад ва зиндагии хонаводагии хуб. Ҳоло хеле хурсандам ва наметавонам эҳсосамро пурра баён кунам. Ҳар нафаре, ки ин рӯзро доштааст, эҳсоси маро мефаҳмад. Мақсадам аз оила бунёд кардан пеш аз ҳама фарзанддор шудан ҳаст, ки дуо мекунам, Худо ба ин рӯз ҳам маро бирасонад. Мехоҳам як нишоне аз худ дошта бошам.

Озодӣ: Аммо бисёриҳо фикр доранд, ки хонадоршавии шумо канор рафтан аз муштзаниро дорад?

Мавзуна Чориева: Не! Агар кӯлобӣ карда гӯем, ин ҳамаш гап аст. Ин, ки ман шавҳар мекунам, баданам тағийр меёбад ва машқ карда наметавонам, танҳо гапи олӣ ҳаст. Он зане, ки як умр дар хона менишинад, он дигар аст ва ман дигар. Он машқе, ки ман кардаам, бовар дорам, ки ҳаргиз гум намешавад.

Озодӣ: Дар боло гуфтед, ки хонадоршавии шумо ҳам омодагӣ ба олимпиада ҳаст…

Мавзуна Чориева: Фикр кунед, ки агар ман як сол истироҳат накунам, чор соли дигар тайёрӣ дида наметавонам. Агар истироҳат накунам, шояд дилам аз кор барояд. Дар ин як соле, ки бояд истироҳат кунам, ба ин хулоса расидам, ки беҳтараш хонадор шавам ва фарзандор гардам. Ин ҳам бароям истироҳат аст. Ҷигарам ҳам бемор аст ва мувофиқи гуфтаи табибон он ҳам дар ин як сол бояд табобат ёбад. Агар Худо диҳад, пас аз тавалуд ду моҳ кӯдакамро шир медиҳам ва баъдан онро ба тарбияи модарам супурда, худ пайи машқ мешавам.

Озодӣ: Духтарони тоҷик хонадоршавиро як навъ пирӯзӣ дар зиндагӣ медонанд. Эҳсоси ин «пирӯзӣ» аз он эҳсоси пирӯзие, ки дар майдони муштзанӣ доштед, чӣ фарқ дорад?

Мавзуна Чориева: Ҳар ду ҳам рӯзи хурсандиянд. Аммо он эҳсоси даруни ринг тамоман дигар аст. Ба ҳар ҳол, ин рӯз беҳтарин рӯз дар ҳаёти ман аст. Ин рӯз ва номзадамро интихоб кардам ва то қиёмат ба ин ҷавон содиқ хоҳам монд. Варзиш-варзиш аст, аммо оила беҳтарин аст. Бе варзиш зиндагӣ карда наметавонам. Боксро хеле зиёд дӯст медорам, аммо оила ва зиндагии хуб болотар аз ин аст. Ростӣ, чор сол пеш бо ин ҷавон шинос шуда будам. Ҳамчун дӯст, аммо дар фикри шавҳар кардан набудам. Вақте одам сину солаш калонтар мешавад, фикраш ҳам дигар шудан мегирад.

Озодӣ: Бо машварати кӣ ба ин хулоса расидед?

Мавзуна Чориева: Худам ба ин хулоса расидам ва албатта наздиконам ҳам розигӣ доданд. Ман занам ва ҳар зарбае, ки мехӯрам, хоҳ нохоҳ зиёнаш мерасад. Кӣ медонад, ки дар ин чор сол чӣ мешавад. Аммо оилаву фарзанд маро сарсупурда мекунад. Дигар ман бепарво мешавам ва ҳар чи шуд, дилам пур аст, ки як нишона дорам. Дигар он замон камтар фикр мекунам ва наметарсам. Бисёриҳое, ки маслиҳатам доданд, ки шавҳар накунам, худ оилаву фарзанд доранд. Дар хонаҳояшон роҳат доранд ва парвое надоранд, аммо ман танҳоям. Азоби танҳоиро ман мекашам. Ҳазор бор гуфтанд, ки тӯй накун. Аввал тӯйро манъ карданд. Лекин президент, гуфт, ки рав шавҳар кун. Президент гуфт, касе, ки туро мегӯяд, ки шавҳар накун, худ зану фарзанд дорад ва дар ғами ту ҳам нест. Ин гапе, ки гӯё президент гуфта бошад, шавҳар накун, дурӯғ ҳаст.

Озодӣ: Бовар доред, ки дар зиндагии хонаводагӣ ҳам муваффақ мешавед?

Мавзуна Чориева: Ҳар коре, ки мекунам, бо розигии Худованд аст ва ман дар ин кор ҳам аз Худованд умед дорам. Худо хоҳад, дар як рӯз маро шоҳ мекунад ва ё дар як рӯз гадо мекунад. Ин ҳамааш ба хости Худо ҳаст. Чизе надоштам ва аз ҳавас ба бокс машғул будам, аммо Худо, ки дод, шукри Худо соҳиби ҳама чиз Мавзуна Чориева тобистони имсол аз Лондон пирӯзмандона баргашт

Мавзуна Чориева тобистони имсол аз Лондон пирӯзмандона баргашт

удам. Ҳеҷ чизро пешакӣ тахмин карда намешавад. Ҳама аз Худо вобаста ҳаст. Фардо чӣ мешавад, намедонем. Ман ваъда дода наметавонам, ки дар олимпиадаи дигар ғолиб мешавам ва ё мағлуб. Бисёриҳо инро мепурсанд. Бисёриҳо мегӯянд, дар олимпиадаи дигар ту медали тило меорӣ. Ман механдам ва мегӯям, ки чизи тайёрро хӯрдан осон аст. Пешакӣ ба фикрам фол дидан хуб нест.

Озодӣ: То куҷо ба хислатҳои ҳамсари ояндаатон шиносед ва бовар доред, ки ӯ ба идомаи муштзании шумо зид набарояд?

Мавзуна Чориева: Ҳама чиз тағийр меёбад. Ҳатто характери инсон ҳам. Зиндагиро, ки сар кардем, боз ҳамдигарро хубтар хоҳем шинохт. Дигар роҳи бозгашт нест. Омодаам, ки барои ӯ фақат як зани оддии тоҷик бошам. Муштзан будани ман ин ҷо ҳеҷ нақше намебозад. Худованд розӣ бошад, хидмати шавҳар ва падару модари ӯро мекунам. Ӯ барои муштзании ман розигӣ додааст ва бовар дорам, ки ӯ зид намебарояд.

Озодӣ: Шавҳари ояндаатон кист ва чи кора ҳаст?

Мавзуна Чориева: Як ҷавони оддӣ. Худаш ҳам бокс машқ мекунад.

Озодӣ: Устоди даврони кӯдакиатон аз он, ки шумо дар Душанбе машқ мекунед, нигарон буд…

Мавзуна Чориева: Бояд ҳеҷ кас нигарон набошад. Душанбе ҳам Тоҷикистон аст. Дар ҳақиқат кӯлобиам, аммо духтари Тоҷкистонам. Кӯлоб парчами алоҳида надорад, балки ин ҷо ҳам Тоҷикистон аст. Ҳамаи ҷои Тоҷикистон барои ман ватан аст. Вақте ман ғолиб шудам, ҳама Тоҷикистон маро истиқбол кард, на танҳо Кӯлоб. Маҳалагароиро хеле бад мебинам, барои ҳамин ҳеҷ кас нигарон набошад, ки дар Душанбе ҳастам ё Помиру Хуҷанд, ман тоҷикам ва ҳамаро як хел дӯст медорам. Ҳама метавонад маро ҳаммаҳалли худ донад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG