Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони аврупоӣ аз сафар ба Эрон даст кашиданд


Порлумони Аврупо эълом кард, ки сафари барномарезишудаи 5 вакили худ ба Эронро лағв кардааст. Вакилони аврупоӣ баъди он аз сафар ба Теҳрон даст кашидаанд, ки давлати Эрон ба онҳо иҷоза надодааст, бо ду дигарандеши зиндонии эронӣ мулоқот кунанд. Порлумони Аврупо чанд рӯз пеш Насрин Сутуда, ҳуқуқдон ва Ҷаъфар Паноҳӣ, коргардони эрониро сазовори Ҷоизаи Сахаров эълом кард. Ҳарду нафар дар зиндони Эвини шаҳри Теҳрон ҳастанд ва Порлумони Аврупо гуфта буд, ки агар вакилонашро иҷозаи дидор ва супурдани даъватнома барои гирифтани ҷоиза надиҳанд, онҳоро ба Эрон намефиристад.
XS
SM
MD
LG