Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешвоёни мухолифони Русияро дастгир карданд


Мақомоти Русия се пешвои мухолифини давларо дар як тазоҳурот дар маркази шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Ба гуфтаи хабарнигорон, маъмурони пулис, Алексей Навалний, Иля Яшин дар кӯчаи Покровская дастгир карда ва ба мошин андохта бурдаанд. Пештар аз ин Сергей Удалтсов, раҳбари Ҷабҳаи Чапи Русия дар саҳифаи Твиттери худ навишт, ки ӯро ҳам дастгир кардаанд. Тазоҳуроти беиҷозаро мухолифони давлати Русия ба нишони ҳимоят аз Леонид Развозжаев баргузор кардаанд, ки мегӯяд, ӯро дар Украина рабуда ва ҳамин ҳафта ба Русия оварданд.
XS
SM
MD
LG