Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон дархости Порлумони Аврупоро рад кардааст


Ҳусейн Шайхулислом, мушовири раиси порлумони Эрон гуфтааст, ин кишвар дархости гурӯҳе аз вакилони аврупоӣ барои дидорбинии ду дигарандеши зиндонии эрониро рад кардааст. Порлумони Аврупо чанде пеш эълом кард, ки Ҷоизаи Сахаровро ба ҳуқуқдон Насрин Сутуда ва коргардон Ҷаъфар Паноҳӣ хоҳад дод, ки ҳарду бо гуноҳи таҳдид барои амнияти миллӣ ба зиндони маҳкум шудаанд. Порлумони Аврупо гуфта буд, ки агар ба вакилони аврупоӣ иҷозаи супурдани даъватномаи расмӣ ба ин ҳардуро надиҳанд, онҳо ба Теҳрон сафар нахоҳанд кард. Ба гуфтаи Ҳусейн Шайхулислом Эрон ин шартҳоро напазируфтааст. Хабаргузории Франс Пресс мегуяд, ки Порлумони Аврупо баъди ин сафари вакилон ба Теҳронро лағв кардааст.
XS
SM
MD
LG