Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як тибетии дигар худро оташ зад


Як сокини дигари Тибет, ба нишони эътироз аз ҳукумати Чин дар ин минтақа худро оташ зад ва панҷумин нафаре шуд, ки ин ҳафта бо худсӯзӣ мухолифаташонро аз ин роҳ нишон доданд. Тсеванг Кияби 23-сола рӯзи ҷумъа дар шаҳри Амукуҳу худсӯзӣ кардааст. Аз соли 2011 то кунун даҳҳо тибетиҳои бумӣ ба нишони эътироз аз ҳукуматдории муштзуронаи Чин дар Тибет худро оташ задаанд. Аксарияти онҳо хостори бозгашти Далай Лама, пешвори рӯҳонии Тибет ҳастанд, ки дар хориҷ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG