Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати зойирони шиъамазҳаб дар Ироқ


Бино ба гузоришҳо, бар асари бомбгузорӣ дар як автобуси зойирони шиъамазҳаб дар Ироқ дасти кам 5 нафари онҳо кушта ва 9 тани дигарашон захмӣ шудаанд. Мегӯянд, ки ин зойирон аз Эрон будаанд. Ба гуфтаи пулис, бомб дар автобус гузошта будаанд. Ҳодиса дар шаҳри Тоҷӣ 25-километрии шимоли шаҳри Бағдод рух додааст. Зойирон барои зиёрати як зиёратгоҳи муқаддаси шиъаён ба шаҳри Бағдод равона будаанд.
XS
SM
MD
LG