Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ҳамлаи хунин дар Майманаро маҳкум кард


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, онҳоеро, ки бо ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии як масҷид дар шаҳри Маймана даҳҳо нафарро куштанд, “душманони ислому башарият” хонд. Дар рӯзи Иди Қурбон дар маркази вилояти Форёб, як бомбгузори маргталаб, худро дар миёни мардум мунфаҷир кард, ки дар натиҷа 41 нафар кушта ва 50 тани дигар захмӣ шуданд. Аксари қурбониёни фоҷиа, кормандони ниҳодҳои давлатии Афғонистон будаанд. То кунун касе масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш нагирифтааст. Генерали амрикоӣ Ҷон Аллен, фармондеҳи нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии НАТО низ ҳамлаи хунин дар шаҳри Майманаро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG