Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони Берлускони ба додгоҳ шикоят мебаранд


Вакилони дифоъаш аз ҳукми додгоҳе шикоят хоҳанд бурд, ки Силвио Берлускони, нахуствазири собиқи Итолиёро бо гуноҳи сарпечӣ аз пардохти молиёт ба зиндон маҳкум кард. Вакилони Берлускони моҳи оянда ба додгоҳи таҷдиди назар муроҷиат хоҳанд кард, вале мумкин аст, баррасии шикояти онҳо солҳо тӯл бикашад. Додгоҳи шаҳри Милани Итолиё рӯзи ҷумъа Силвио Берлускониро барои чаҳор сол ба зиндон маҳкум кард ва сипас ҳукми ӯро ба як соли таҳаммул дар зиндон коҳиш дод ва ҳам ӯро барои 5 сол аз ҳаққи кор дар ниҳодҳои давлатӣ маҳрум намуд. Бар асоси ҳукми додгоҳ Силвио Берлускони ва шариконаш бояд 10 миллион евро молиёт бипардозанд. Додгоҳ гуфт, ширкати азими Медиасети Берлускони ба хотири фирор аз пардохти молиёт, нархи ҳаққи намоиши барномаҳои телевизиониро аз қимати воқеиаш кам кардааст. Силвио Берлусконии 76-сола, ҳукми додгоҳро, “бедодгарии таҳаммулнопазири додгоҳӣ” хондааст.
XS
SM
MD
LG