Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз муҳоҷирон дар Русия имтиҳон мегиранд


Думаи Давлатии Русия баъди қироати саввум тарҳи қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он муҳоҷирони корӣ пеш аз гирифтани иҷоза барои кор, бояд аз забони русӣ имтиҳон бисупоранд. Дар ин тарҳ омадааст, муҳоҷирони корие, ки дар арсаи тиҷорат, хадамоти умумӣ ва дигар бахшҳо кор мекунанд, бояд забони гуфтӯгуии русиро бидонанд. Дар сурати қабули қонуни мазкур, муҳоҷирони корӣ пеш аз гирифтани иҷозаи кор дар Русия бояд имтиҳон супурда ва шаҳодатнома бигиранд, ки дар воқеъ забони русиро медонанд. Григорий Балихин, узви кумитаи маорифи Думаи Давлатӣ, палатаи поёнии порлумони Русия гуфтааст, ки 160 маркази махсус дар саросари омодаи имтиҳонгирӣ ва додани шаҳодатнома ба садҳо ҳазор муҳоҷирони кории тоҷику узбак ва қирғиз ҳастанд. Қонуни мазкур аз рӯзи 1-уми декабр ҳукми иҷро мегирад.
XS
SM
MD
LG