Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Регар" бар "Вахш" ва "Истиқлол" бар "Гвардия"


Ду бозии даври 22-юми Лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми 27-уми октябр бо пирӯзии мизбонон анҷом пазируфт.

Пешсафи ҷадвали мусобиқа - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ, дар варзишгоҳи "Металлург", бар дастаи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаи ин бозиро дар нимаи дувуми дидор ҳамлагар Комил Саидов ба ҳадаф расонд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар тими “Гвардия”-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод. Мизбонон дар нимаи авали дидор се гол ва дар нимаи дувуми бозӣ чаҳор гол заданд.

Се голи "Истиқлол"-ро Давронҷон Эргашев ба самар расонд ва хет-трик кард. Фарҳод Тоиров ду гол, Юсуф Рабиев ва Дилшод Восиев якголӣ заданд. Дарвоқеъ, Дилшод Восиев, нимҳимоятгари "Истиқлол", ки дар ин бозӣ дар нимаи дувум ба майдон омад, голи 19-уми худро дар мусобиқаи имсола аз ҷаримаи ёздаҳметра ба ҳадаф расонд. Ӯ дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал аст.

Ёдовар мешавем, даври 22-юми мусобиқа рӯзи панҷшанбе, 25-уми октябр бо бозии дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Энергетик”-и Душанбе шурӯъ шуда буд. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат барпо гардид, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт. Се голи “Хайр”-ро ҳамлагар Мирзобек Мирзоев ва як голро Муҳаммад Гулипур, легионери эронӣ, ба самар расонданд. Як голи “Энергетик”-ро Аҳтам Назаров зад.

Ду бозии дигари даври 22-юм рӯзи якшанбе, 28-уми октябр миёни дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор - «Равшан»-и Кӯлоб ва «Хуҷанд»-и «Хуҷанд» - ССКА «Помир»-и Душанбе баргузор мешавад. Бояд гуфт, ба иллати таъмири Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бозии "Ҳосилот" ва "Равшан" дар Варзишгоҳи марказии Кӯлоб барпо мегардад.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷадвали мусобиқа “Регар-ТадАЗ” бо 51 имтиёз дар ҷойи аввал, "Равшан" бо 47 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Истиқлол” бо 42 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд. Ҳарсе даста барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд. Дастаи "Хайр" низ, ки бо 42 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст, барои ба даст овардани медалҳо талош дорад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

20

16

3

1

62-15

51

2.

«Равшан» (Кӯлоб)

19

15

2

2

32-9

47

3.

«Истиқлол» (Душанбе)

18

13

3

2

54-10

42

4.

«Хайр» (Ваҳдат)

19

13

3

3

38-20

42

5.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

20

8

4

8

24-17

28

6.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

19

8

3

8

35-29

27

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

19

7

4

8

26-29

25

8.

«Энергетик» (Душанбе)

20

6

6

8

26-27

24

9.

КМВА “Помир” (Душанбе)

20

6

5

9

22-23

23

10.

«Истаравшан” (Истаравшан)

19

6

4

9

27-35

22

11.

«Ҳосилот» (Фархор)

19

4

2

13

18-46

14

12.

«Гвардия» (Душанбе)

20

2

0

18

10-56

6

13.

«Зарафшон» (Панҷакент)

20

1

3

16

20-78

6


Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол")-19 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ")-16 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ")-15 гол.

28-уми октябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15.00

«Ҳосилот» - «Равшан». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
«Хуҷанд» - ССКА «Помир». Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак».

PS: Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии даври 22-юм байни дастаҳои "Истаравшан" - "Парвоз" аз 27-уми октябр ба 22-юми ноябр мавқуф гузошта шуд. Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 17-ум миёни дастаҳои "Вахш" - "Хайр" 30-юми октябр ва "Регар-ТадАЗ" - "Истиқлол" рӯзи 31-уми октябр соати 15:00 баргузор мешаванд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG