Пайвандҳои дастрасӣ

Cаҳифаи нашрияҳои чопи Душанбе пур аз номаҳоест, ки мардум дар онҳо мегӯянд, ба додгоҳҳои кишвар бовар надоранд.

Икром Тешаев, як сокини Душанбе, соли чаҳорум аст, ки дар ба дари додгоҳҳо мегардад. Хонаи ӯро соли 2008 ғайриқонунӣ тахриб карда, дар ҷои он боғи истироҳат сохтанд.

Тешаев акнун дар хобгоҳе зиндагӣ мекунад, ки коргоҳаш -- Донишгоҳи кишоварзӣ ба ӯ додааст. Натиҷаи чор соли муборизаи худро барои адолат Икром Тешаев як тӯда коғаз, асабҳои харобшуда ва саломатии бад меномад.

Ҳамтақдирони Тешаев дар Тоҷикистон хеле зиёданд. Онҳо аз кори судҳо дилсард шуда ва мегӯянд, ҳукмҳоро пешдоварӣ ва пора ҳал мекунад. Бисёриҳо бар инанд, ки бе "тағо" ва пул, беҳтар аст, ба додгоҳ муроҷиат накунанд.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, аксари "муборизони роҳи адолат" бо даъвоҳои худ ба доираи сарбастаи органҳои судӣ меафтанд. Бисёре аз онҳо мушкили худро ҳал карда наметавонанд ва ба раисиҷумҳур муроҷиат мекунанд. Барои мисол, тақсими моликият ҳангоми талоқ барои Моҳшариф Муродова ҳафт сол идома кард. Дар ин муддат ӯ ҳамаи зинаҳои судии кишварро гузашт. Боз ҳам рад шудани даъвояш ӯро маҷбур сохт, ба расонаҳо муроҷиат кунад.

Cаҳифаи нашрияҳо пур аз номаҳоест, ки мардум дар онҳо мегӯянд, ба додгоҳ бовар надоранд. Идораи нашрияҳо пур аз номаҳои шикоятии шаҳрвандон аст. Одамон нусхаи парвандаҳоеро нашр мекунанд, ки ба қавли онҳо, пур аз “дарбеҳҳои ночаспон”-анд. Беилоҷӣ онҳоро ба дараҷае мерасонад, ки аз мушкили худ ба тамоми кишвар фарёд зананд.

Ҳокимияти бойҳо бар камбағалон. Бе додгоҳи одил ва қонунҳои муназзам. Манзараи Бухорои деринаи Садриддини Айнӣ баъд аз сад сол имрӯз гӯиё тадриҷан бармегардад. Дар Тоҷикистони имрӯза обрӯи додрас ё судяро бо ҳеҷ ченаке баҳо дода намешавад. Ягона роҳро коршиносон дар ислоҳоти куллии низоми додгоҳии кишвар мебинанд.


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG