Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Берлусконӣ ба 4 соли зиндон маҳкум шуд


Силвио Берлусконӣ
Силвио Берлусконӣ
Додгоҳи Милан рӯзи ҷумъа сарвазири собиқи Итолиё Силвио Берлускониро бо ҷурми напардохтани андоз ба 4 соли зиндон маҳкум кард. Аммо то замони баррасии шикояташ, Берлускониро ба зиндон нахоҳанд кашонд. Додситонҳо барои Берлусконӣ 3 солу 8 моҳ ва барои раҳбари ширкати «Mediaset”-и ӯ Фиделе Конфалониерӣ 3 солу 4 моҳ ҳукми зиндон хоста буданд. Ба бовари додситонӣ, онҳо ҳаққи намоиши филмҳои амрикоӣ ба шабакаҳои хусусии телевизионии Берлускониро тавассути ширкатҳои оффшорӣ фурӯхта, барои надодани андоз нархҳои қалбакиро нишон медоданд. Ин нахустин ҳукми Берлусконист. Парвандаҳои қаблӣ алайҳи ӯ ё собит намешуд, ё ба девори масунияти сарвазириаш бармехӯрд.
XS
SM
MD
LG