Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тифлис бо кишвари "ишғолгар" равобит нахоҳад дошт


Майя Панҷикидзе

Майя Панҷикидзе

Вазири нави хориҷаи Гурҷистон Майя Панҷикидзе такроран гуфт, то замоне ки Русия қаламравҳои кишварашро ишғол кардааст, Тифлис бо Маскав равобити дипломатӣ нахоҳад дошт. Хонум Панҷикидзе рӯзи ҷумъа гуфт, “Русия 20 дарсади хоки Гурҷистонро ишғол карда, кишвари ишғолгар аст.Русия дар Тсхинвалӣ ва Сухумӣ ду сафоратхона кушодааст ва то замоне ки ин масоил ҳаст, равобити дипломатӣ бо Русия барқарор нахоҳад шуд.” Вале Панҷикидзе афзуд, ки онҳо ба фарқ аз давлати қаблӣ бо Русия дар соҳоти мухталиф ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Русия дар пайи ҷанги соли 2008 бо Гурҷистон вилоятҳои ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистонро ба расмият шинохт. Сарвазири нави Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ ваъда додааст, ки равобити Тифлис бо Маскавро беҳтар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG