Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия истирдоди Ватановро дархост хоҳад кард


Мақомоти тафтишотии Русия мехоҳанд аз Тоҷикистон истирдоди нафари гумонбар дар қатли сокини Петербург Олга Ермаковаро дархост кунанд. Писари панҷсолаи ин зан моҳи сентябр дар канори шоҳроҳе дар вилояти Свердловск пайдо шуд. Ҷасади худи Ермаковаро баъди чанд рӯз дар ҳавлии манзилаш дар вилояти Саратов пайдо карданд. Тафтишот шаҳрванди Тоҷикистон Далер Ватановро гумонбари асосӣ дар қатли Олга Ермакова мешуморад. Анна Марусова, сухангӯи Кумитаи тафтишоти вилояти Саратов гуфтааст, дархости боздошт ва истирдоди Ватановро ба зудӣ ба Душанбе хоҳанд фиристод.
XS
SM
MD
LG