Пайвандҳои дастрасӣ

Коммунистҳо бо номзади худ ба интихобот мераванд


Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов

Раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов гуфт, онҳо ба интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 бо номзади худ хоҳанд рафт. Оқои Шабдолов дар сӯҳбат бо “Азия Плюс” эҳтимоли ба ягон эътилоф бо аҳзоби дигар пайвастани коммунистонро радд кард. То кунун танҳо ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ эълон кардааст, ки ин бор ҳам номзадии президент Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ мекунад. Интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, қарор аст, моҳи ноябри соли оянда баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG